Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд

Ноябрь 25, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки масъулони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, ки дар он рафти татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои амалисозии тадбирҳои пешбинигардида дар самти муқовимат ба коррупсия, риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дар ин самт  баланд бардоштани масъулияти кормандон муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор рафта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд, ки дар тамоми сохтору муассисаҳо тадбирҳои муассири пешгирикунанда роҳандозӣ карда шаванд.

Иброз гардид, ки татбиқи пайгиронаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои он, таъмини шаффофият дар фаъолияти сохторҳо ва риояи интизоми хизматӣ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошанд.

Ҳамзамон, ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тақвияти назорати дохилӣ, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Гуфта шуд, ки ҳар як корманд бояд дар фаъолияти касбии худ талаботи қонунгузориро риоя намуда, барои таъмини шаффофият, адолат ва масъулиятшиносӣ саҳми муносиб гузорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон зуҳуроти коррупсия ва ҳама гуна амалҳои ба он алоқамандро маҳкум ва  зарурати тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдорро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.

 

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 25, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон