Дар МД «Сафина» бинобар пандемия баргузории барномаҳои озмунӣ ва шоу-барномаҳо мавқуф гузошта шуд

Июль 22, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сабабҳои баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ, калонҳаҷм ва шоу-барномаҳо дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ин таъсири бемории коронавирус мебошад. Зеро барои баргузории ин гуна барномаҳо нафарони зиёде бояд дар студия иштирок кунанд. Бинобар ин дар ин шабу рӯз баргузории барномаҳои озмунӣ ва шоу- барномаҳо мавқуф гузошта шудаанд.  Ин нуктаро 22 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки бо фармоиши директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бобати ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор давоми моҳҳои феврал-апрели соли 2021 озмун гузаронида шуд. Дар даври аввали озмуни мазкур қариб 100 нафар довталабон иштироки фаъолона доштанд ва пас аз гузаштани марҳилаи омӯзишӣ ба 11 нафари онҳо барои фаъолият дар муассиса имконият дода шуд.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса 30 филми бадеӣ бо ҳаҷми зиёда аз 2724 дақиқа ё 45 соату 40 дақиқа дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда шуд.

Карими Азиз иброз намуд, ки соли равон ду лоиҳа бо номҳои «Хотираҳо»  ва «Фазо» амалӣ гардида истодаанд.

Июль 22, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад