Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ бо маром идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз намуд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва дар ин замина ба роҳ мондани содироти маҳсулоти истеҳсолгардидаи ватанӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад.
Мавсуф зикр намуд, ки зимни ба кор андохтани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба мамлакатҳои хориҷи кишвар ба маротиб зиёд гардида, зиёда аз 3250 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли равон дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи 6 корхона ва 1 коргоҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша, моҳи марти соли равон 2 корхона ва 1 коргоҳ бо 75 ҷои кори нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо 50 ҷои корӣ, таҷдиди бинои таъминоти истеҳсолӣ (полиграфия) бо 10 ҷои корӣ ва сохтмони сехи истеҳсолӣ (тирезаҳои пластикӣ) бо 15 ҷои кори нав ифтитоҳ гардиданд.
Билол Иброҳим иброз намуд, ки моҳи августи имсол дар ноҳия 4 адад корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо бо 25 ҷои кор, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо бо 45 ҷои кор, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, коркарди хушкмева, афшура аз меваҳо бо 70 ҷои кор ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва бо 50 адад ҷои кор ба нақша гирифта шудааст.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






