Хабарнигорони маҳфили экожурналистон аз Корхонаи алюминийи тоҷик дидан намуданд

Июль 2, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дараҷаи ҷоизнокии партовҳо дар Корхонаи алюминийи тоҷик дар ҳадди меъёр қарор дошта, миқдори ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ баланд нест ва он ба маҳалҳои аҳолинишин таъсир намерасонад. Ин матлабро  сардори озмоишгоҳи  саноатии Корхонаи алюминийи тоҷик Салтанат Соҳибова дар суҳбат ба  гурӯҳи хабарнигорони маҳфили экожурналистон баён намуд.

Сафари аъзои маҳфили экожурналистон ба шаҳри Турсунзода бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, онҳо нахуст  аз Осорхонаи Корхонаи алюминийи тоҷик  дидан намуданд.

Ба рӯзноманигорон  корманди масъули Корхонаи алюминийи тоҷик Игор Сатторов доир ба таърихи беш аз 40- солаи ин корхонаи азими саноатии Тоҷикистон  маълумот дод. Зикр шуд, ки корхонаи арзизи тоҷик дар он солҳо дар радифи  сохтмони Неругоҳи барқии обии «Норак» бузургтарин корхонаи саноатии Комплекси минтақавии истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ мебошад. Игор Сатторов афзуд, ки  ба сохтмони корхонаи алюминийи тоҷик соли 1965 шурӯъ карда буданд ва аввалин корпуси электролизии  он  46 сол муқаддам, аниқтараш моҳи марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар корхона яке аз калонтарин коргоҳҳои  истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад. Маҳсулоти завод аз соли 1977 ба кишварҳои хориҷӣ содирот мегардад.

Аъзои маҳфили экожурналистон бо вазъи экологии ҳудуди корхонаи алюминии тоҷик шинос гардиданд. Тавре дар суҳбат ба хабарнигорон директори ҳифзи меҳнат, экология ва сифати Корхонаи алюминийи тоҷик  Абдуғаффор Абдуллоев зикр намуд, дар корхона  дар зарфи 30 соли  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд, аз ҷумла дар низоми газтозакунӣ дастгоҳҳои муосири истеҳсоли хориҷӣ, бахусус Норвегия ба таври хушк тоза кардани газҳое, ки ба ҳавои атмосферӣ партофта мешавад, насб карда шуд, ки нисбат ба дастгоҳҳои замони шуравӣ самаранокии бештар доранд. Агар дастгоҳҳои замони шӯравӣ то 98,43 –фоизи газҳоро тоза менамуд,  самаранокии дастгоҳҳои истеҳсоли Норвегия 99,99 фоизро ташкил медиҳад.Инчунин полоякҳое, ки дар замони шуравӣ дар корхона  истифода бурда мешуданд, бо полоякҳои муосир иваз гардиданд.

«Вазъи ҳавои атмосфераи ҳудуди Корхонаи алюминии тоҷик аз  ҷониби кормандони озмоишгоҳи экологӣ  ҳамарӯза санҷида мешавад», -меафзояд Сардори озмоишгоҳи  саноатии Корхонаи алюминийи тоҷик Салтанат Соҳибова ва илова менамояд, ки «мо  дар як вақт самти шамол ва суръати шамолро чен мекунем ва хулоса мебароем,  ки шамол аз тарафи шарқ ба самти ғарб бештар харакат мекунд. Инчунин Салтанат Соҳиба зикр намуд, ки озмоишгоҳ нуҳ нуқтаи хатсайри ҳаракатӣ дорад, ки дастгоҳҳо дар дохили мошинҳо гузошта шуда, ҳаворо аз тарафи шимол ва шарқ чен карда меистад, то моддаҳо ва газҳои хориҷшавана аз ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ баланд набошанд».

-Бояд зикр кард, ки озмоишгоҳи саноатии корхона аз ду шуъба —  кимёвӣ ва назорати экологӣ иборат мебошад.  Мутахассисони шуъбаи кимёвӣ дар ҷои кори коргарон бо дастгоҳҳои махсуси чен кардани моддаҳо -газоанализаторҳо, ки ду адад аст,  миқдори моддаҳоро месанҷанд.Ин дастгоҳҳо як адааш барои минтақаи муҳофизатии санитарӣ ва дигараш барои  ҷои кори коргарон истифода мешаванд, зеро дар ҷои кори коргарон ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ дигар аст, -тазаккур дод  Салтанат Соҳибова.

Инчунин дар минтақаи муҳофизатии санитарии корхона 11 нуқтаи назоратӣ мавҷуд аст, ки аз он ду ададаш нуқтаҳои статсионарӣ мебошанд. Нуқтаҳои мазкур  давоми рӯз аз соати 7-и субҳ то 19-00 миқдори моддаҳои ба ҳавои атмосферии корхона ихроҷшавандаро ҳар соат чен намуда, назорат мебаранд. Дар як вақт дар ин нуқтаҳо самти шамол,  ҳарорат, ҳарорати ҳаво,  фишори атмосферӣ ва суръати шамол чен карда мешавад. Аз рӯи ин ченкунӣ муайян мегардад, ки аз ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ миқдори моддаҳо зиёд нест ва ба он далолат менамояд, ки ба муҳити аҳолинишин партовҳои корхона  зарар намерасонад.

Зикр шуд, ки партови асосии корхона гази фторидӣ мебошад ва аз меъёрӣ ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ баланд нест. Коргарони Корхонаи алюминийи тоҷик, ки  теъдодашон беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҳар сол аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳо имтиёзҳо низ пешниҳод мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо вазъи экологии ҳудуди Корхонаи алюминийи тоҷик гурӯҳи экожурналистҳо таҳти роҳбарии сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонзода аз заминҳои яке аз хоҷагиҳои номдори шаҳри Турсунзода- хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» боздид намуданд. Дар ин ҷо сардори хоҷагии «Ватан-2008» Ҳоҷӣ-Неъмат Усмонов, ки таҷрибаи бузурги боғу токпарвариро дорад ба рӯзноманигорон доир ба фаъолият хоҷагӣ, усулҳои парвариши ангур,  усули корбарӣ дар хоҷагӣ ва вазъи экологӣ суҳбати судманд  намуд. Сардори хоҷагии «Ватан-2008» Ҳоҷӣ-Неъмат Усмонов, изҳор дошт, ки хоҷагие, ки ба он сарварӣ менамояд, асосан ба парвариши навъҳои  гуногуни ангур махсусгардонида шудааст, инчунин дар хоҷагӣ дигар зироатҳо, аз қабили гандум кишт карда мешавад. Масоҳати ангурбоғҳои хоҷагӣ 105 гектарро ташкил дода, дар он  беш аз 160 нафар деҳқонон фаъолият менамоянд, ки дар рушду пешрафти бахши кишоварзӣ ва иқтисодии мамлакат, ғанӣ гардонидани бозори  истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд. Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов афзуд, ки меҳнат барои ҳар як инсон шараф ва обрӯй аст. Ҳар нафаре, ки аз сидқи дил,  дар замин меҳнат мекунад, ҳатман Офаридгор ба ӯ ризқу  рӯзӣ ва ба сарзамин пешрафту шукуфоӣ ато менамояд.

Мусаллам аст, ки маҳфили экожурналистон, ки бо ибтикори  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологии намояндагони ВАО ва воқеъбинона пешниҳод намудани маводҳои марбут ба муҳити зист дар ВАО мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Душанбе -Турсунзода -Душанбе

Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Июль 2, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид