Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ: Барои кишти такрорӣ ниёз ба оби полезӣ бештар мегардад

Июль 9, 2021 09:32

ҲАМАДОНӢ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва  кам гардидани маҷрои дарёҳо дар фасли тобистон Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи  Мир Саид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш мекунад,  то кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин намояд.  Ба ин хотир аллакай аз оғози мавсим каналу ҷуйбор ва заҳкашу иншооти обрасониро таъмиру тоза намудаанд.

Ҳамкории хуби Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ рӯз ба рӯз дар беҳтар шудани ҷамъоварии маблағи истифодаи оби полезӣ мусоидат карда истодааст.

Дар ноҳияи мазкур асосан кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод», «20-солагии Истиқлолият» ва »Дашти гулҳо» кишти такрорӣ мегузаронанд ва ба оби полезӣ бештар  ниёз доранд.

Дар Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ ва маҳсулоти барвақтӣ ҳамасола майдони кишти шолиро васеъ менамоянд, ки ин зироат обталаб аст.

Имсол кишоварзони ҷамоати мазкур пеш аз муҳлати муайянгардида дарави ғалладонагиро анҷом дода, кишти такрориро вусъат бахшида истодаанд.

раиси Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» Эмомалӣ Азимов, изҳор дошт, ки барои сарфакорона истифода бурдани оби полезӣ Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ обрасониро ба хоҷагиҳо тариқи дархост ба роҳ мондааст.

Мутахассисон мегӯянд, ки ин гуна сурат гирифтани кор ҳам ба хоҷагиҳо ва ҳам ба Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ манфиатовар аст, зеро об беҳуда ҷорӣ намешаваду хоҷагиҳо маблағи оби дархостшударо месупоранд. Яке  василаҳои истифодаи самараноки замин  сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ мебошад. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҳосили фаровон ба даст оварда, сатҳи зиндагии кишоварзон беҳтар шавад ва бозору марказҳои савдо  бо маҳсулоти  аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардад.

Акс аз манбаъҳои боз

Июль 9, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа