Нӯъмонҷон Ғаффорӣ: Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ихтисоси журналист-омӯзгор таъсис дода мешавад

Июль 12, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нақша доранд, ки дар оянда ихтисоси журналист-омӯзгор таъсис диҳанд. Ҳамчунин дар донишгоҳ таъсиси «ТВ Донишгоҳи омӯзгорӣ» низ дар нақша аст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур,  доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби  маблағҳои сармоягузории хориҷӣ роҳравҳои махсус бунёд шуда, ҳар моҳ ба онҳо сад сомонӣ кумак расонида мешавад.

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ иброз дошт, ки дар донишгоҳ 20 нафар маъюбон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ки аз ин 8 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 12 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Барои онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдоранд.

Зикр шуд, ки имсол 90-солагии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҷлил шуда, ба ин муносибат аз ҷониби Раёсати донишгоҳ «Энсеклопедияи Донишгоҳ» ва китоби «Омӯзгор чароғи рӯзгор» чоп мегарданд.

Июль 12, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд