Ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба иштирокчиёни Олимпиада ва федератсияҳои варзишӣ 935 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва грант тақдим кард

Июль 12, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи  генералии Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон ва қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз номи ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба ҳайати олимпии Тоҷикистон кумакпулӣ ва ба 17 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми умумии 935 000 сомонӣ тақдим шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни баргузории ҷаласаи қаблии Ассамблеяи генералӣ муовини Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов иқдом намуда буд, ки барои рушди 20 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми як миллион сомонӣ ҷудо кунад. Ин ташаббус барои фаъолияти муътадили федератсияҳои варзишӣ давоми то як сол мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, барои танзими масъалаҳои гранти ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов комиссияи корӣ таъсис ёфта, 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ пешниҳод карданд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст.

Инчунин аз ҷониби Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мешаванд, мутаносибан 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, 300 000 сомонӣ, барои медали нуқра 200 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 150 000 сомонӣ ҷоизапулӣ мегиранд.

Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров аз номи аъзои кумита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Кумита Шамсулло Соҳибов барои дастгирӣ ва кумак изҳори сипос намуданд.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).

АКСҲО аз КМО Тоҷикистон

Июль 12, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад