Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Саридораи геология нишасти матбуотиро соати 08:30 дар Саридораи геология доир менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 09:30 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт баргузор мешаванд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Хадамоти мазкур доир менамояд.
Палатаи савдо ва саноат соати 14:00 дар Палатаи мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






