Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июль 6, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ намуданд.

Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Қазоқистон таҳти роҳбарии Нурсултон Назарбоев, инчунин саҳми арзишманди Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро дар роҳандозӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистон ва Қазокистон қайд карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ибрози ақида намуда, баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Дар ин росто, ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлати мо қаблан унвонии  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

Июль 6, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд