Раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Франсия Дилшод Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентӣ дар асоси сиёсати сарони кишварҳо таҳкиму густариш ёфта, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Франсия ба сатҳи сифатан нав расида, ба ниёзҳои тарафҳо, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Дилшод Раҳмон иқтидори парламентарҳои кишварҳоро беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои мухталиф, бахусус маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки баҳри фарогирии ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Франсия ҷудо намудани бурсияҳои бештар бамаврид мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҷоннок намудани кори гурӯҳҳои байнипарлумонӣ фазои мусоид барои омӯзиши амиқи механизми қабули қонунҳои барои ҷомеа судманд ва табодули дастовардҳои илмӣ фароҳам мегардад.
Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам ривоҷ ёфтани робитаҳои мавҷуда талош ба харҷ хоҳад дод.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.
АКСҲО аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






