Шумораи қурбониёни обхезӣ дар Чин ба 63 нафар расид

Июль 26, 2021 11:56

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониён бар асари бориши шадид ва обхезӣ дар музофоти Хэнани Чин ба 63 нафар расида, 5 каси дигар бедарак шуданд. Мақомот беш аз 860 ҳазор нафарро аз минтақаҳои хавфнок кӯчонданд, хабар медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба ҳукумати музофот.

«Аз 16 июл то соати 12:00-и 25 июл, бар асари бориши тӯлонӣ, 11,44 миллион нафар дар минтақаи офатзада қарор доштанд. Шумораи қурбониён ба 63 нафар расида, 5 нафар бедарак шуданд. Дар саросари музофот 861,9 ҳазор нафар аллакай ба ҷойҳои бехавф таҳвил дода шуданд».

Бештар аз 296 ҳазор нафар ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.

Масоҳати замини киштзори зарардида 876,6 ҳазор гектарро ташкил дода, 8876 бино валангор шуд.

Мақомоти маҳаллӣ дар саросари музофот сатҳи вокуниши ҳолатҳои фавқулодаро ба офатҳои табиӣ ба сатҳи баландтарин бароварданд ва қариб 200,000 нафар, аз ҷумла оташнишонон ва наҷотдиҳандагон дар мубориза бо обхезӣ, корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳо ширкат доранд.

Дар бисёр маҳалҳои музофот, алалхусус дар шаҳри Чжэнчжоу, ҳанӯз ҳам дар ҳама ҷо таъминоти барқ ​​ва об ба роҳ монда нашуда, алоқа дар як қатор минтақаҳо то ҳол барқарор нагардидааст.

Боронҳои шадиди 17 июл дар музофоти Хэнан ба амал омаданд. Аз ҳама бештар шаҳри Чженчжоу хисорот дид. Баъзе истгоҳҳои обу ҳавои шаҳр сабти таърихии бориши миёнаи шабонарӯзиро ба қайд гирифтанд.

 

АКС аз Reuters

Июль 26, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд