Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд

Июль 24, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ ширкат намуд. Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов буд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Пас аз гузашти ҳайатҳои олимпӣ аз номи варзишгарон, доварон ва мураббиён савганди олимпӣ қабул шуд. Аз ҷумла,  аз номи варзишгарон Ямагата Риота (варзиши сабук) ва Ишикава Касуми (тенниси рӯи миз) савганд ёд карданд.

Сипас президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Сейко Ҳашимото ва президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах суханронӣ карданд.

Сейко Ҳашимото, аз ҷумла иброз намуд, ки «Тамоми ҷаҳон бо COVID-19- бо ин мушкили азим рӯ ба рӯ шудааст. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандон, аз ҷумла ба намояндагони  соҳаи тиб ва дигарон миннатдорӣ ва эҳтироми худро баён кунам, ки дар рафъи ин мушкил азми бузург нишон доданд».

Томас Бах гуфт: «Имрӯз як лаҳзаи умед аст. Биёед ин лаҳзаро қадр кунем, зеро дар ниҳоят мо бо ҳамем — варзишгарон аз 205 кумитаи миллии олимпӣ ва дастаи олимпии КБО, ки дар Деҳаи олимпӣ зери як бом зиндагӣ мекунанд. Ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш аст. Мо ҳама дар ин ҷо ба туфайли шумо, мизбонони меҳрубон — мардуми Ҷопонем, ки ба Шумо миннатдорӣ изҳор мекунем».

Президенти КБО Томас Бах императори Японияро даъват кард, ки Бозиҳои Олимпиадаи ХХХII, Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро кушода эълон кунад.«Ман Бозиҳои Токиоро, ки Олимпиадаи ХХХII давраи муосирро ҷашн мегирад, кушода эълон мекунам», — иброз намуд императори Япония  Наруҳито. Оташи олимпиро дар Варзишгоҳи миллии Токио теннисбози машҳури Япония  Наомӣ Осака фурӯзон кард.

Ҳамунин барномаи ҳунарӣ низ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 10 варзишгари шинохтаи тоҷик аз рӯи 4 намуди варзиш иштирок мекунанд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) шомил мебошанд.

Июль 24, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд