Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов аз олам даргузашт

Июль 12, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Шералӣ Абулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.  Ӯ соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда, пас аз хатми донишгоҳ солиёни зиёд дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Нақшҳои офаридаи Шералӣ Абулқайсов зиёд буда, ӯ маҳз тавассути онҳо  дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор дошт.

Мавсуф тӯли фаъолияти ҳирфаӣ дар театри Лоҳутӣ нақшҳои хотирмони зиёде офаридааст, аз ҷумла, нақшҳои мондагори профессор Пашков аз намоиши “Алломаи Адҳам”-и С.Улуғзода; Лука Лукич  аз  “Ревизор”-и Гогол; Азимов аз  “Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ; Аҷузкампир аз  “Найи сеҳрнок”-и Ф.Тошмуҳаммедов; Эзоп аз  “Шер, рӯбоҳ ва ангур”-и Шералӣ Абулқайс; Тирессий аз спектакли “Эдип”-и Софокл; Капулетта аз  “Ромео ва Ҷулйетта”-и В.Шекспир; Асад аз  “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нурулло Абдулло; Отелло аз  “Отелло”-и В.Шекспир; Дон Жуан аз “Дон Жуан”-и Молйер; Ҷомосп аз  “Зардушт”-и Нур Табаров; Амир Темур аз  “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров; Ковусшоҳ аз  “Зуҳури Суҳроб”-и Ф. Умаров; Абдунабӣ аз “Тахти Султон Маҳмуд”-и Ш. Солеҳ; Гефистион аз намоиши “Искандар ва Спитамен”-и А. Абдураҳмонов ва амсоли инҳо, ки дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.

Июль 12, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид