Аҳолии шаҳри Норак бо ваксинаҳои «Модерна», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» эм карда мешаванд
НОРАК, 10.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар шаҳри Норак аввалин шуда кормандони Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» аз ваксинаи «Мoderna» ба таври пурра истифода намуданд.
Тавре ҳамшираи тибби НБО «Норак» Моҳбону Раҳмонова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин ду неругоҳҳои бузурги Тоҷикистон аз рӯзи пайдо шудани ин бемории оламгир қоидаҳои беҳдоштӣ пурра риоя мешаванду кормандони неругоҳ аз маҳлулҳои безараргардонию ниқоб истифода мебаранд. Хушбахтона бо ворид гаштани вояҳои ваксинаи «Мoderna» ба шаҳри Норак баҳри пешгирии ин беморӣ ҳамаи кормандони ин неругоҳҳо бо хоҳиши худашон эмгузаронӣ шуданд.
Роҳбари Маркази саломатии шаҳри Норак Тағойбек Қаҳҳорзода иброз дошт, ки барои пешгирии бемории COVID-19 то дирӯз дар 20 нуқтаҳои эмгузаронии маркази саломатии шаҳр ва бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳот зиёда аз 8156 нафар кормандони корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон эмгузаронӣ шуданд, ки 21 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.
Дар ин маърака кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия сафарбар гардида, ба аҳолии шаҳр моҳияти истифодаи ваксинаро дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаҳои онро ба саломатии инсон фаҳмониданд. Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова изҳор намуд, ки дар рӯзҳои аввал мардуми шаҳр ба эмгузаронӣ нисбати пешгирии ин бемории аср кам аҳамият медоданд. Вале пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва корхонаю идораҳо, айни замон барои гирифтани ваксина дар баъзе нуқтаҳои эмгузаронӣ сокинони шаҳр дар навбат истодаанд, ки ин амал фарҳанги баланди сокинони шаҳрро нишон медиҳад.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Ҷомаҳмад Ҷамилов мегӯяд, ки бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давраи эмгузаронӣ вояҳои ваксинаҳои «Модерна», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» ба шаҳри Норак ворид шуд, ки то дирӯз 21 фоизи аҳолии шаҳр аз қабили кормандони корхонаю ташкилотҳо эмгузаронӣ шуданд. Тарзи истифодаи ин ваксинаҳо ва нигоҳдории онҳо ҳамеша зери назорати доимии мутахассисони мо қарор дорад. Хушбахтона сокинони шаҳри Норак бо дарки масъулият ихтиёрона омада, аз ин ваксинаҳо истифода намуда истодаанд, то ки саломатии худ ва наздиконашонро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ доранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






