ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Данғара сохтмони шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ ҷараён дорад

Август 9, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ«Ховар»/.  Дар ноҳияи Данғара бахшида ба​ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-ВКД дар ноҳияи Данғара ва Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ бо маром идома дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз рафти сохтмон дар ноҳияи мазкур боздид ба амал оварда, ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва босифати баланд сохта ба истифода додани биноҳои мазкур як қатор дастуру супоришҳо дод.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба​ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дошта, мақомоти корҳои дохилӣ низ дар ин ҷабҳаи бузурги созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ҷумла дар кутоҳтарин фурсат бинои нави баландошёнаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и вилояти Суғд, бинои ШВКД дар шаҳри Исфара ва бинои Маркази таълимии ВКД дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Биноҳои мазкур бо муосиртарин шароитҳои техникӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти хизматӣ таъмин карда шудаанд.

 

АКСҲО аз ВКД ҶТ

Август 9, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»