Ба 14 оилаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои нав тақдим гардид

Август 5, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз  ба сардорони 14 оилаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида  3 ва 4-ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити зарурии зиндагӣ таъмин мебошанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими тақдими хонаҳои навбунёд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Раиси вилоят калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатӣ  таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи бориши борони зиёд ва омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.

Аз хонаҳои зарардида то имрӯз 28-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.


15 июни соли равон Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар аз ҳолу аҳволи сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш дидан намуда, 8 манзили истиқоматии навбунёди сокинонро мавриди истифода қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи вилоятию ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷӯйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.

 

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 5, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!