Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид

Август 23, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни  30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор соҳиби мошини ёрии таъҷилӣ гардид. Мошин сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст. Мошини ёрии таъҷилӣ  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор тақдим гардидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанде пеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор рафта, аз муассисаҳои тандурустии шаҳр боздид намуд. Мавсуф дар Беморхонаи марказии шаҳр, шуъбаҳои госпиталии он бо сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Вазир ба хизматҳои шоёни табибон, масъулиятшиносии роҳбарияти беморхона баҳои баланд дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз омодагии кормандони  беморхона ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки  ба ифтихори ин ҷашни миллӣ барои хизматҳои арзандаи табибони шаҳр ба Беморхонаи марказӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошини ёрии таҷилӣ туҳфа мегардад.

Мошини нави ёрии таъҷилӣ дар ҳайати табиб, бародари шафқат ва ронанда барои хизматрасонӣ ба беморон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар мегардад.

Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 

Август 23, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид