Ба муҳоҷирони меҳнатӣ 3 миллион рубли русӣ баргардонида шуд

Август 10, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /НИАТ «Ховар»/. Бо корбарии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират аз  6-9 августи соли 2021 дар ду навбат зиёда аз 3 миллион рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи маълумот, як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ (дар ҳайати 24 нафар) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият намуда, аз ҷониби корфамо маблағи музди меҳнати онҳо, ки 6200230 рубли русиро (930048 сомонӣ) ташкил медиҳад, пардохт карда нашудааст.

Дар натиҷаи корбарии намояндагӣ маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонӣ бе қарордоди меҳнатӣ фаъолият намуда, музди меҳнати муҳоҷирон аз рӯи ба анҷом расонидани кор дар иншоот ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, вобаста ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда, тавсия дода шуд, ки минбаъд зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба аризаи воридгардида дар муддати кӯтоҳ 450000 сомонӣ маблағи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо баргардонида шуда, маблағи боқимонда, ки 480048 сомониро ташкил медиҳад, тибқи тааҳҳуди корфармо дар муддати кӯтоҳтарин пардохт карда мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Август 10, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд