Бар асари борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Амондара сел омада, боиси марги 1 нафар гардид

Август 6, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август, тахминан соати 17:30, бар асари борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омада, боиси ҳалокати як сокини 60-солаи деҳаи Амондара гардид. Баъд аз ҷустуҷӯҳои зиёд  соати 06:20-и субҳи 6 август аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо намуда, ба соҳибонаш супурданд. 

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сели мазкур ба ҳавлии се сокини деҳаи Амондара лойоба ворид кард ва 29 қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 10 км роҳи мошингарди деҳа аз лой пур шуданд.

Ҳамчунин дар маҳаллаи Сушанги Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Заврони Ҷамоати деҳоти Шинг низ сел зарар расонид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони мамлакат ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 6 август низ бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 6, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд