Дабири кулли СММ имрӯз дар нишасти G7 оид ба Афғонистон ширкат мекунад

Август 24, 2021 11:07

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш (ДАР АКС) дар нишасти G7 оид ба Афғонистон рӯзи сешанбеи 24 август аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват хоҳад кард, ки ба хотири манфиатҳои мардуми ин кишвар муттаҳид шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз дар брифинг намояндаи расмии раҳбари созмони ҷаҳонӣ Стефан Дюжаррик хабар дод.

«Дабири кулл барои иштирок дар нишасти виртуалии G7 оид ба Афғонистон даъват шудааст,- гуфт ӯ.- Вай ба ягонагии ҷомеаи байналмилалӣ даъват хоҳад кард, то бо роҳи беҳтарин манфиати мардуми Афғонистон таъмин гардад».

Илова бар ин, СММ аз изҳорот дар бораи ҷангҳои нав дар Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигарон аст.

«Охирин чизе, ки ҳоло ба мардуми Афғонистон даркор аст,  идомаи муноқишаи мусаллаҳона аст. Мо аз муборизаҳои давомдор дар ҳар мавзеи Афғонистон ва таъсири онҳо ба вазъияти башардӯстона хеле нигарон ҳастем»,-гуфт Дюжаррик.               

                                             АКС: Reuters

Август 24, 2021 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд