Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти омодасозии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуд

Август 18, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии КҲФ баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ зимни мулоқоти раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмре Зеки Карагёл баррасӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот раиси КҲФ ва МГ ба сафир дар бораи корҳои анҷомёфта дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиии ахиран рухдода, ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои дигари имконпазири ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо дар иртибот ба иқдомҳои ояндаро низ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон 17 август Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари Намояндаи Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба робитаҳо ва ҳамкории мавҷуда миёни Кумита ва Салиби Сурхи Байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда,  хеле муҳим будани истифодаи имконияти ҳамкориро дар оянда таъкид намуданд.

Раиси КҲФ ба хонум Шопп дар бораи офатҳои табиии ахиран дар кишвар рухдода, корҳои анҷомшуда дар рафъи пайомадҳои ин офатҳо, кумакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ маълумот дод.

Ҳамчунин  масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо, вокунишҳо ба офатҳо, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бар асари рӯйдодҳои охир, ҳамкорӣ дар мавриди огоҳонии аҳолӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳо, ҳамчунин омода намудани мутахассисони наҷотдиҳандаю расонидани ёриҳои башарӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Салиби Сурхи Байналмилалӣ ин имконро фароҳам хоҳанд овард, ки дар оянда низ барои муқовимат ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ самаранок фаъолият намоянд.

 

АКСҲО: КҲФ ва МГ ҶТ

Август 18, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд