Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаю ширкатҳое, ки ба истеҳсоли яхмос ва обҳои ташнагишикан машғуланд, маҳсулоти худро дар даври шаҳрии фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан, ки дирӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид, ба намоиш гузоштанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва корхонаву ширкатҳое, ки яхмос ва обҳои ташнагишикан истеҳсол мекунанд, иштирок намуданд.
Меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз намоиши навъҳои гуногуни яхмос ва обҳои ташнагишикан, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.



Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода изҳор дошт, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ, иҷрои банди 8 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои ҳамин банди ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






