Дар Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.
Дар озмун намояндагони Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз ороиши дастурхони намояндагони ноҳияҳои пойтахт дидан карданд ва ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик баҳои баланд доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ҳадаф аз баргузории маъракаи имрӯза ҳам арҷгузорӣ ба ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ, дарёфти беҳтарин нонпазҳо, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 августи соли 2021 ҳайати аъзои гурӯҳи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид. Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.
Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд сол аст, дар пойтахт Озмуни маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Оши палав», фестивали «Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ», фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва дигар иду ҷашнҳо бо шукӯҳи хосса баргузор мегардад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»


















Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






