Дар Хоруғ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ толори варзишӣ ба истифода дода мешавад

Август 5, 2021 08:54

ХОРУҒ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони маҳаллаи Саидмир Абдураҳмонови шаҳри Хоруғ дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби толори варзишӣ мегарданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маблағгузории толори варзиширо ширкати мобилии Тcell ва сохтмони онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дарбанд» ба уҳда доранд.

Ба гуфтаи  сардори қитъаи сохтмонӣ Ҳусейн Сангаков,  “барои сохтмони бино 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. То имрӯз коргарон 80 фоизи корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, рӯзҳои наздик насбу васли бомпӯши толорро шурӯъ мекунанд. Таҳкурсии толор соли гузошта шуд ва имсол мебоист онро мавриди баҳрабардорӣ қарор медодем, аммо ба сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 соли гузашта кор қатъ шуд. Бо фароҳам омадани шароити мусоид аз моҳи майи соли равон дубора корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд. Дарозии толор 40 метр ва паҳноии он 23 метр буда, танҳо барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Мо кӯшиш мекунем, ки то охири моҳи август толори варзишӣ ва дар канори он майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейбол ва баскетболро бо сифати хуб ба истифода диҳем”.

Ба гуфтаи  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев, “дар панҷ соли охир ин саеюмин толори варзишист, ки дар шаҳри Хоруғ бунёд мегардад. Қаблан дар маҳаллаҳои Хоруғи боло ва Темниз чунин  чунин иншоот сохта шуда буд. Имрӯз дар 12 маҳаллаи шаҳр майдончаҳои  муосири варзишӣ бунёд гардидаанд ва ояндаи наздик боз дӯстдорони варзиши ду маҳаллаи дигар соҳиби чунин толорҳо хоҳанд шуд”.

Бояд гуфт, ки ҳавои сарду боронгариҳо дар манотиқи кӯҳистон қариб ҳафт моҳ давом мекунанд ва дар ҳавои кушод машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ бунёди чунин толорҳо дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр шарт ва зарур аст.

 

Аксҳо аз АМИТ  «Ховар»

Август 5, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд