Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон тақдим гардид

Август 21, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вазъияти тантанавӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи майи имсол зарар дида буданд, супурда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Зимни тақдими калиди хонаҳои навбунёд муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода зикр дошт, ки шароити манзилҳо, рангу бор, интихоби масолеҳи сотмонӣ хуб ва олӣ истифода шуда, ба симои хонаҳо зеб мебахшад. Ин гуна манзилҳо дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб низ ба зарардидагон дода мешаванд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бунёди шаҳраки нав бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳ амалӣ гардида, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти «Навобод» бо манзилҳои замонавӣ ва тамоми ҷиҳози рӯзгор таъмин мегарданд.

Инчунин сокинони ин мавзеъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маводи ғизоии яквақта таъмин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто 6-7  майи соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 20 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гардид.

Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.  Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор гардида истодааст. Аз рӯзҳои аввал ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат барои расонидани кумаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия дастурҳои қатъӣ дода буданд.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 21, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст