Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаҳо оғоз шуданд

Август 6, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футбол, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, тирпаронӣ, бадминтон, шиноварӣ, қаиқронӣ, ҷиу ҷитсу, карате-до оғоз гардиданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаҳои мазкур 5 август оғоз шуда, то 10 август идома меёбанд. Мусобиқаҳо дар толор ва дигар мавзеъҳои варзишӣ доир шуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ  мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.

 

 

АКС аз Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд

Август 6, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд