Дар Тоҷикистон «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» ҷараён дорад

Август 18, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 15 то 22 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» фаъолият мекунад, ки машваратҳои он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва   шаҳри бостонии Ҳулбук доир мегарданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар кори машварат бостоншиносони ҷавон аз давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Молдова, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассисони соҳаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои зертобеи он ва Академияи миллии илмии Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд.

Қисмии илмии семинар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, қисми амалиаш дар шаҳри бостонии Ҳулбук ва объектҳои атрофи он баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ҷараёни машварат  китобҳои тозанашри «Ремесленное производство средневекового Хутталя» ва «Археологическая карта Таджикистана. Восейский район», ки бо сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадаанд, муаррифӣ мегарданд.

Машваратҳои мазкур дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ мавқеи хосса дошта, дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба шумор мераванд.

 

АКСҲО аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Август 18, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид