Дар вилояти Суғд хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад

Август 18, 2021 15:46

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хатсайри нави сайёҳиро ба самти шимоли Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки хатсайри нави сайёҳӣ  дар масири Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Гулистон-Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе роҳандозӣ гардида, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии минтақаҳои шимоли мамлакат ва тақвияти сайёҳии дохилӣ мебошад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ барои намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи мамлакат   дар хатсайри мазкур пресс-тур ташкил менамояд. Тибқи он намояндагони расонаҳои хабарӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои қадимаи тоҷикон — Истаравшану Хуҷанд ва мавзеъҳои сайёҳиро дар шаҳрҳои Гулистон ва Шаҳристон тамошо намуда, бо инфрасохтори сайёҳӣ дар шимоли Тоҷикистон шинос мегарданд.

   Акс аз манбаи боз

Август 18, 2021 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ