Душанбе мизбони Фестивал ва Форуми сайёҳӣ мегардад

Август 28, 2021 09:56

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали байналмилалии  «Душанбе — пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ/ ва Форуми  байналмилали и  «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон»  29 август дар Душанбе баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Зикр шуд, ки Фестивали байналмилалӣ ва Форум оид ба рушди агротуризм дар доираи  эълон гардидани  шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои СҲИ барои солҳои 2020-2021 гузаронида шуда, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа мебошад.

Дар Фестивал ва Форуми байналмилалӣ  дар радифи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон инчунин  меҳмонон аз кишварҳои аъзои СҲИ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии  «Душанбе –пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми  байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон»   шоми 29 август дар «Боғи Ирам»  имконияту зарфият ва дастовардҳои сайёҳии  Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида мешавад.

Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии  «Душанбе –пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми  байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» меҳмонон ва иштирокдорон  ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва ангурпарварии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҳамчун  яке аз зарфиятҳои  рушди агротуризм бозид менамоянд.

 Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 28, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд