«Эмомалӣ Раҳмон — яке аз бунёдгузорони СҲШ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ҳамоиш доир шуд

Август 27, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон — яке аз бунёдгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату муассисаҳои давлатӣ, марказу пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва донишмандону коршиносон иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА гузориш медиҳад, Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буданд. Ҳадафи ҳамоиш арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби созмони мазкур буд.

Дар  ҳамоиш масъалаҳои марбут ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ, ташаббусҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ, нақши Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ, ташаббус ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ, саҳми Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ, «дипломатияи Шанхай» ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони  Истиқлоли давлатӣ, нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ дар оғози ҳамоиш зикр намуд, ки  “давоми се даҳсолаи охир, ки солҳои ҳифзи истиқлоли воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ намуд. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо унвони «сиёсати дарҳои боз» маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор пайдо кард. Аз ин дидгоҳ, ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, месазад, ки тавассути баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ба фаъолияти пурвусъати байналмилалии ин фарзанди содиқ ва сарсупурдаи миллат бори дигар назар афканем”.

Зикр шуд, ки бо дарки зарурати эҳёи мавқеи шоистаи кишвар дар миқёси байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ доир  ба онҳо ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ҳамкорӣ бо СҲШ мебошад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо кишварҳои узви он ба роҳ монда, саҳнаи ин созмонро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.

Имсол 20-солагии таъсиси СҲШ таҷлил мегардад Муҳим будани таҷлили бистсолагии созмон аз он хотир аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат яке аз муассисони ин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар ташаккул ва рушди он саҳми бевосита дорад ва  тайи бист сол барои рушду тавсеаи он кӯшишу талошҳои зиёд   ба харҷ додааст.

Сарвари давлат ҳанӯз аз оғози таъсиси СҲШ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмон чанд самтеро ҳамчун омили афзалиятнок мушаххас кард, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро ба хубӣ дарк менамуданд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як бахши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонист аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин дар чаҳорчӯби СҲШ мекӯшанд, ки ин созмони бонуфуз тавассути ҳамкории бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақа бо маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад. Дар  ҳамоиш масъалаҳои саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ, ташаббусҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ, нақши Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ, ташаббус ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ, саҳми Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ, “дипломатияи Шанхай» ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони  Истиқлоли давлатӣ, нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ, СҲШ:  20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ ва нақши СҲШ дар баррасии масоили мубрами ҷаҳони муосир матраҳ гардид.

Ҳамоиш  дар бахшҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳаввули СҲШ»,   «Тоҷикистон ва СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои ҳамкорӣ», «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкории соҳавӣ дар чаҳорчӯби  СҲШ»  идома ёфт. Иштирокдорон доир ба мавзуъҳои «Сиёсати ҷавонон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», «Дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон дар доираи СҲШ», «СҲШ  ва нақши он  дар истиқрори сулҳ, амнияти минтақавӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ», «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди  дипломатияи бисёрсамта дар чаҳорчӯби СҲШ», «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – меъмори СҲШ»,  «Баъзе масъалаҳо ва дурнамои тавсеаи сиёсӣ, ҷуғрофӣ ва таъйинотии СҲШ ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ» ва «Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони стратегӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ» маърӯза намуданд.

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»     

Август 27, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон