Филми ҳунарии «Охирин сайди Cайёд» ба Фестивали кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва «Киношок» меравад
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми нави ҳунарии «Охирин сайди сайёд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар барномаи озмунии асосии филмҳои пурраи ҳунарии Фестивали ХХХ кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» иштирок мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Фестивал аз 25 сентябр то 2 октябри соли 2021 дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия шудааст, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» ба навор бардошта шудааст.
Муҳаммадрабӣ Исмоилов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур ду моҳ наворбардорӣ шуда, дар он зиёда аз 40 нафар ҳунармандони касбӣ ва нақшофарон ширкат намуданд.
Филм аз рӯи романи Аброр Зоҳир гирифта шуда, дар бораи шикорчие бо номи Сайёд қисса мекунад, ки дар беша ба шикор машғул шуда, бахташро меёбад. Сайёд ба ҷои сайд аз дохили об духтареро пайдо мекунад. Пас аз чанд муддати табобат духтар ба ҳуш омада, бо вай издивоҷ мекунад. Духтар аз он сӯи дарё, яъне аз Афғонистон буда, тақдири худро бо бачаи шикорчии тоҷик — Сайёд мепайвандад.
Филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






