Хазинаи Байналмилалии Асъор кумак ба Афғонистонро қатъ намуд

Август 20, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) эълом дошт, ки кумак ба Афғонистонро бо далели аниқ набудани мақоми раҳбарияти ин кишвар қатъ мекунад, хабар медиҳад Агентии «Ховар» бо истинод ба РИА Новости. 

«Дар айни ҳол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи эътирофи ҳукумати Афғонистон ягон фаҳмиши возеҳ вуҷуд надорад, ки дар натиҷа кишвар ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ва дигар захираҳои ХБА дастрасӣ пайдо карда наметавонад», — омадааст дар изҳорот.

Ҳафтаи оянда ХБА бояд ба Афғонистон тақрибан 400 миллион доллар кумак мекард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз Толибон*-ро роҳбари қонунии Афғонистон эътироф накардааст.

 Вазъият дар Афғонистон махсусан дар даҳ рӯзи аввали моҳи август пуршиддат шуд, вақте толибон (ҳаракати Толибон дар Тоҷикистон мамнӯъ эътироф шудааст) ҳамлаи худро ба неруҳои ҳукуматӣ фаъолтар карданд. Ягона вилояте, ки зери назорати онҳо нест, Панҷшер буда, дар шимолу шарқи Кобул воқеъ аст. 15 август ҷангҷӯён вориди пойтахт шуда, қасри раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ишора ба хоҳиши “пешгирӣ аз қатли ом” кишварро тарк кард.

Шаби 16 август намояндаи дафтари сиёсии Толибон Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ин мамлакат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд. Ҳоло тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз Афғонистон таҳти назорати ҷангиён-толибон қарор доранд. Баровардани кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекарданд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар он ИМА ва дигар кишварҳои Созмони Аҳдномаи  Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ҷойгиранд, сурат мегирад.

                                АКС аз манбаъҳои боз

Август 20, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд