КҲФ ва МГ: Амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом ёфта, ҷасади халабони ҳалокшудаи Ми-8 Сергей Тютин ба поён фароварда шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом ёфта, овардани ҷасади халабони ҳалокшудаи чархболи Ми-8-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид ва ҷасади Сергей Тютин аз баландии бештар аз 5 ҳазор метр поён фароварда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Наҷотдиҳандагон муддати се шабонарӯз роҳ паймуданд, то ба нуқтае расанд, ки чархбол сарнагун шуда буд. Ба ин амалиёт қувваву воситаҳои КҲФ, ҳамчунин як чархболи қувваҳои мусаллаҳи марзбонии КДАМ ҷалб шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки 4 августи соли равон як чархболи МИ-8 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо рафта буд.
Аммо қариби соати 12:10 чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, ба кӯҳ бархӯрдаву сарнагун шудааст. Дар натиҷа сарвари парвоз Сергей Тютин ба ҳалокат расид ва чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
6 август бо кумаки чархболи МИ-8 неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар — 6 нафар сайёҳони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии «Помир-Пик» ба шаҳри Душанбе оварда шуданд, аммо ҷустуҷӯ ва интиқоли ҷасади халабон Сергей Тютин идома дошт.
Баъд аз як тарҳрезии ҷиддии амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот 10 нафар имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи чархбол ба баландии 4000 метр бароварда шуданд ва онҳо аз он нуқта ба самти боло, ба ҷойе, ки чархбол суқут карда буд, равон шуданд.
АКС аз КҲФ ва МГ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






