Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон иштирок намуд

Август 6, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон  Сайид Иброҳим Раисӣ,  ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар баробари намояндагони воломақоми  кишварҳои дунё иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии ҳаштумин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд.

Президенти тозаинтихоб савганд хӯрд, ки нигаҳбони Конститутсия ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоти мардум саъй мекунад.

Дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Алҷазоир Эймен бин Абдурраҳмон, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, сарони парлумонҳои Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия  ва Нигерия, инчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Уммон, Кувайт ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

 

АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Август 6, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад