Моҳи август дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёр зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво аз рӯи меъёри муқаррарӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар аввал ва охири моҳ бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин моҳ дар водиҳо 26+32 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ +24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 14+19 то 19+24 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона аз 32+37 то 35+40 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Бориш асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ба амал омада, меъёри моҳонаи он аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Дар ин моҳ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар оғоз ва анҷоми моҳ пешгӯӣ шуда, ҳангоми бориш эҳтимоли шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои водигӣ чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баробар ба моҳи августи соли гузашта ва дар баъзе ноҳияҳо 1 дараҷа баланд пешбинӣ шудааст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд аз рӯи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+28 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳи август тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 13+18 то 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона аз 29+34 то 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,3 мм -ро ташкил медиҳад.
Дар нимаи аввал ва охири моҳ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ шуда, шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи августи соли гузашта дар водиҳо 1 дараҷа баланд, дар минтақаҳои кӯҳӣ баробар ба меъёри иқлимӣ мебошад.
Моҳи август дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа паст пешгӯӣ шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18+23 ва дар ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20+23 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, рӯзона аз 24+29 то 29+34 дараҷа гарм шуда, шабона аз 9+14 то 12+17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш дар ин минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани борон бо раъду барқ асосан охири моҳ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол дар назар аст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво дар моҳи август асосан дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд дар назар аст.
Давоми моҳ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона аз 2+7 то 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 12+17 то 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи ВМКБ нисбат ба моҳи августи соли гузашта 1 дараҷа хунуктар мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






