САФАРИ ПУРСАМАР ВА БОБАРОР. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон ва ходими адабии АМИТ «Ховар» доир ба сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон
ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 3 то 6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон қарор доштанд. Дар доираи сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ 6 август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин иртибот андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛОро пешкашӣ хонандагон мегардонем.
— Ҳар сафари расмӣ ва ё давлатии Сарвари муҳтарами кишарамон, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои тозаву дурахшони давлатдории тоҷиконро ба рӯи оламиён боз менамояд. Ҷолиб аст, ки дар ин сафарҳои сатҳи баланд ва пур аз масъулият ҳар бор мо чеҳраи муҷалло ва симои дурахшони Сарвари кишварамонро бо тобишҳои тозаву нави ватандӯстона, бо иқдом ва масъулиятҳои баланди башариву инсонӣ пеши назар ҳувайдо мешаванд. Сафари навбатии давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистони ба мо дӯст ва ширкати ӯ дар Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки чанде пеш ба, вуқӯъ пайваст, аз ҳамин ҷумла мебошад.
Ин сафар, ки дар замони ҳассоси ҷаҳони муосир, бархӯрди шигифтангези тамаддунҳо, муборизаҳои ақоиди мухталифи ба ҳам муқобил, талошҳо байни абарқудратҳо дар сайёра ба амал пайваст, аз ҷониби Пешвои миллати мо ва ҳайати бонуфузе, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дар баробари музокироти расмии сатҳи олӣ ва баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судбахши ду кишвар, ҳадафҳои баланди миллӣ, давлатӣ ва башардӯстонаро пайгирӣ менамуд.
Барои банда, пеш аз ҳама, ин падида ҷолиб буд, ки мулоқоти ҳарду роҳбари олимақом Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари кишвари мизбон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар руҳияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва изҳори самимияту хайрхоҳӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар мегузашт.
Воқеан заминаҳои қавии таърихие вуҷуд доранд, то халқҳои тоҷику туркман, ки дар собиқа ҳамеша робитаҳои қавии дӯстию бародарӣ доштанд, имрӯз низ дар ин замонаи ҳассос ин риштаҳоро ба манфиати якдигар бояд қавитар бубанданд. Хусусан, ки дар кишварҳои мо заминаҳои боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ вуҷуд дошта, дар сатҳи ҳамкории давлатӣ ва шарикии стратегӣ бароварда шудаанд.
Ин аст, ки дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкории ду кишвар ва як силсила масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла дар қатори масъалаҳои ҷолиб ва мубрами дар ин музокироти сатҳи баланд бардошташуда, дар мавриди рушди ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ роҳандозӣ кардани тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ то соли 2023 ва ташкили Харитаи роҳ барои афзоиши тиҷорати солҳои ояндаро метавон дар қатори дастовардҳои ин музокирот ном бурд.
Санадҳои зиёде, ки ҳар яке ҳадафҳо ва манфиатҳои далатию миллии ҳарду ҷонибро пайгирӣ мекунанд аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва созмону ташкилотҳои ҳарду ҷониб дар сатҳи баланд баста шуданд, ки бидуни шубҳа ба муваффақияту комёбиҳо дар самтҳои гуногун мусоидат хоҳанд кард.
Аз ҷумла, яке аз Барномаҳои муфиде, ки байни ду ҷониб қабул карда шуд, Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2024 мебошад.
Гумон мекунам, адабиёт, ҳунар ва санъат дар қавитар гардидани риштаҳои дӯстӣ ва таҳкими муносибатҳои бародарона беш аз ҳар василаи дигар нақши бузург хоҳанд дошт. Хусусан, ки аз замонҳои қадим маҳз тавассути онҳо риштаҳои дӯстиву бародарии байни халқҳои мо қавӣ гардида буданд. Метавон аз классикони адабиёти туркман адиби номдори ин сарзамин Махтумкулиро мисол овард, ки муҳаббати бузурге ба классикони адабиёти форсу тоҷик дошт ва на фақат дар мактаби шеъри форсӣ-тоҷикӣ таълим ёфтааст, балки ашъоре ҳам ба ин забон эҷод намудааст.
Дар ин маврид метавон мисолҳои фаровони дигаре ҳам овард. Аммо давраи шукуфоии муносибатҳои адабию ҳунарии халқҳои тоҷику туркман ба замони начандон дури шӯравӣ рост меояд. Яке аз қавтарин робитаҳо маҳз дар байни адибон, ҳунармандон ва санъаткорони тоҷику туркман ҷой дошт. Бисёре аз асарҳои бадеии нависандагони тоҷику туркман ба забонҳои ҳамдигар тарҷума ва нашр гардида буданд. Масалан, насли банда ва ҳамқаламонам аз ҷумлаи онҳое будем, ки пайванди қавии дӯстӣ ва ҳакории эҷодӣ бо адибони ҷавони ҳамсоламон аз Туркманистон доштем ва метавон гуфт, саҳми худро дар ин робитаҳо гузоштаем.
Яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаву писандидаи адибони туркман маҳз Тоҷикистони биҳиштосои мо буд. Адибони туркман дӯст медоштанд, ки аз Тоҷикистон дидан кунанд ва мафтуни суннату оинҳои миллии тоҷикӣ ва адабиёти ширадори он буданд. Ва мо адибони тоҷик низ борҳову борҳо тавассути рӯзҳои адабиёт, ҳамкориҳои эҷодӣ ба кишвари дӯсту бародари Туркманистон сафарҳо доштаему хотироти хубе аз он рӯзҳои нек дорем. Чунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои дигари санъат низ дар авҷи аъло буданд. Аз ин рӯ қабули Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат айни муддао мебошад.
Аз ҷумлаи созишномаҳое, ки баста шуд, ба андешаи мо, Соозишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон низ чун дигар созишномаҳо, ҳадафноку ояндадор аст, зеро маҳз робитаҳои дӯстона байни ҷавонони мо умедбахшу ояндадоранд ва дар оянда метавон бар онҳо такя намуд.
Аҳдномаву созишномаҳое, ки дар идомаи сафари давлатии Президенти муҳтарами мо ба Туркманистон, баста шуданд, шабеҳи кишти ҳамон зироатест, ки фардо бо ҷаҳди ҳарду ҷониб ҳосили тилоии худро хоҳанд дод. Дастовардҳо дар ин сафари далатии Пешвои миллатамон хеле зиёданд ва пайваста онҳо мавриди таҳлил ва омӯзиш ва амал қарор хоҳанд гирифт.
Аслан банда ба сафарҳои расмӣ ва ғайрирасмии Пешвои миллатамон бо таваҷҷуҳи хосса менигарам, зеро дар ҳар сафар ва дар ҳар мулоқоташон дар сатҳи байналмилалӣ, Сарвари некӯсириштамон як падидаи ҷолиб ва ифтихоромез, як амал ва ё андешае пеш меоваранд, ки наметавон хуҷастагии онро эътироф накард.
Мехоҳам дар бораи як падидае, ки ҳамеша ҳангоми мулоқотҳои сатҳи баланд ва ё вохӯриҳои муқарарии инсонӣ бо мардум дар симои Пешвои миллатамон ба рангҳои гуонгун ҳувайдо мешавад сухан ронам. Гумон мекунам он мифтоҳи асосиест, ки тавассути он ҳамеша пеши роҳи Пешвои мо кушода мешавад. Ин падида самиияти хоси инсонии ӯст ва агар шумо мушоҳида кунед, ҳангоми изҳори ин самииият чеҳраи ин марди наҷиб як дурахши софу зебои кӯдакона мегирад. Ин мавзӯест, ки бояд аз ҷониби равоншиносон ва муттахассисон хуб омӯхта шавад. Аммо маҳз ҳамин самимият, хайрхоҳиву некбини нсондӯстист, ки ӯ пас аз анҷоми як ва ё ду мулоқот метавонад дар бораи ин ва ё он Сарвари кишвари дӯст бо дили пур гӯяд: «Дӯст ва бародари ман!». Ва воқеан ин суханҳо боварибахш аз забони ӯ садо медиҳанд. Мо инро метавонем дар мисоли чандин мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои сатҳи баланд мисол орем, ки ҳоҷат ба ном бурдан нест, зеро ҳамагон борҳо шоҳиди он будаанд.
Ба гумони банда, маҳз ҳамин истифодаи самимият ва муҳаббати поки шахсии инсонӣ дар роҳ ёфтан ба дилҳо ва барқарор кардани мунсибатҳои дӯстонаву бародарона дар сатҳи баланд, илова ба заковату таҷриба ва донишу фаросати худоди Сарвари кишварамон, гарави комёбиву пирӯзиҳои он кас дар сатҳи баланди сиёсати давлатдоии эшон дар саҳнаҳои дунявист. Дар сиёсати баланди байналмилалӣ чунин падида кам дар назар мерасад ва як сифати баланди фарқкунандаи Пешвои миллати моро метавон дар ҳамин дид. Сиришти неку хайрхоҳона, ки аз бунёди неки тоҷикӣ сарчашма мегирад ҳамеша ҳамроҳу ҳамнафаси Сарвари кишвари тоҷикон аст. Ӯ воқеан Пешвои миллат ва сарзамини куҳанбунёду соҳибтаддуни тоҷикон аст, ки дар тӯли таърих абармардони бузургеро ба дунё додааст.
Метавон чун далели хуҷастатарин аз чунин рухдодҳои мавриди сухани мо вохӯрии дастобадасти Сарвари мо бо Президенти ИМА Трампро дар қатори дигар Сарварони кишварҳо мисол овард. Маҳз ҳамин дастафшонии ғайричашмдошти самимона ва то ҷойе ҳазломези Президенти мо ҳам Президенти Амрико ва ҳам дигаронро ба ваҷд овард ва лаҳзае ҳам бошад як насими самимияте ба ҳалқаи вохӯрии сарварони кишварҳо ворид сохт. Ин падида борҳову борҳо аз ҷониби шабакаҳои телевизионии олам чун як падидаи нек нишон дода мешуд.
Ҳамин хуҷастагиҳои Сарвари кишвари мо буд, ки дар сафари мазкур нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Ин ифтихори бузурги ҳар яки мост ва мардуми олам медонанд, ки Президенти мӯҳтарами мо иқдомгузори ташаббус ва пешниҳодҳои созандаву ҳаётан муҳими сайёра мебошанд. Ва ин ташаббусҳову фаъолияти пурсамари Президенти Тоҷикистон борҳову борҳо бо ҷоизаву мукофотҳои гуногуни байналмилалӣ тақдир карда шудааст. Инак, нахустин мукофоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ба Пешвои миллати мо шоиста дониста шуд. Ин мукофоти олӣ барои хизматҳои шоиста ва рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Маразӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дода шуд.
Хуллас, сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон ва иштироки ӯ дар Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бисёр самарабахш ва ибратангез буда, метавон онро як зинаи дигар дар бунёди муносибаҳои муфиди ҳарду ҷониб ва ҳаллу фасли мубрамтарин масоили замон донист.
АКСҲО аз Хадамоти матуботи Президенти ҶТ /АМИТ «Ховар»