Шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилояти Суғд 788 нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилояти Суғд 788 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумора 95 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 44 нафар дигар сарпарастон мебошанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тавре мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд зикр намуд, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 277 нафар ҷавон дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда, 91 нафар дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 359 нафар ҷавонон дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳраку деҳот фаъолият доранд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар ин давра 440 нафар мебошад.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 44 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 1267 гурӯҳ бо фарогирии 16198 тамринкунандагони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 263 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3295 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, ҳамарӯза ба машқ фаро гирифта мешаванд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






