ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, сешанбе, 222-юмин рӯзи соли 2021 аст

Август 10, 2021 08:00

10 августи соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.

***

9 сол пеш, 10 августи соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)  Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар  мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

10 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.

***

Дар Эквадор –Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкалов таъсис дода шудааст, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном кард.

***

10 августи соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

***

10 августи соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

***

10 августи соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Август 10, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст