ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои гарми Тоҷикистон то 24 август боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм то 24 август боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли омадани сел ва дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ резиши санг вуҷуд дорад.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёт кунанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Дар ин рӯзҳо сокинонро зарур аст селроҳаҳо ва ҷӯву каналҳо тоза намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






