29 сентябр Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябри соли 2021 Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 сентябри соли 2021 ба имзо расид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳо «Дар бораи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025», «Дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58», «Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58», «Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.
Тибқи қарори дахлдор барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 27 сентябри соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 29 сентябри соли 2021, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.
Тибқи қарори Раиси шаҳр шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои воридгардидаи онҳоро вобаста ба иҷлосия ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






