Ҷабҳаи муқовимат толибонро ба поксозии қавмӣ дар вилояти Панҷшер айбдор кард

Сентябрь 10, 2021 12:16

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Назарӣ гуфт, ки намояндагони  ҳаракати радикалии «Толибон»* ҳазорон сокинони маҳаллиро аз вилояти Панҷшер берун кардаанд.

«Онҳо поксозии қавмӣ анҷом медиҳанд ва ҷаҳон то ҳол ин вазъро мушоҳида ва нодида мегирад. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба ин ҷиноятҳои ҷангӣ хотима бахшад»,- навиштааст роҳбари ҷабҳа дар Твиттер.

Қаблан хабарнигори афғон Кабир Васиқ дар бораи қатлҳои оммавӣ дар Панҷшер хабар дода буд. «Толибон бесабаб мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдаконро тирборон мекунанд. Онҳо хонаҳои шаҳрвандони бонуфузро кофтуков мекунанд, ба мардум фишори шадиди равонӣ мерасонанд, таҳдиди куштор ва ҳабс пайваста садо медиҳанд”,- нақл кардааст Васиқ. Суханони ӯро агентии «Интерфакс» иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки толибон миёнаҳои моҳи август аз забти қудрат дар Афғонистон хабар доданд. Ва 6 сентябр онҳо хабар доданд, ки вилояти Панҷшер, ки дар қаламрави он неруҳои муқовимат ҷойгиранд, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.

__________________________

*Толибон – ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст.

                                                                АКС: REUTERS

 

Сентябрь 10, 2021 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд