Ҳайати Тоҷикистон дар кушодашавии мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ бо мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раисии Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид (намояндаи малдивҳо) ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Дар назар аст, ки дар қатори дигар давлатҳои узви СММ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва роҳҳалҳои он мулоҳизаҳои худро ба таври фосилавӣ ироа намоянд.
Ёдовар мешавем, ки кори иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлосияи 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






