Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои ВКХ, Шӯрои ВМ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешавад

Сентябрь 13, 2021 08:03

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) доир мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷмъии СААД мубодилаи афкор ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 феврали соли 2021 тасдиқ кардаанд, баррасӣ мекунанд.

Инчунин  маълумоти Дабири кулли СПАД С.Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият давоми раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида мешавад.

Дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 13, 2021 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд