Дар Душанбе Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов муаррифии лоиҳаи Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар пойтахти мамлакат бо тарҳи замонавӣ ва санъати баланд бунёд мегардад, доир шуд.
Зикр шуд, ки Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» дар ҷаҳон аввалин иншоотест, ки барои доир кардани чорабиниҳои дастҷамъонаи намояндагони кишварҳои аъзои созмон, намоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию байналмилалӣ, тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ ва гузаронидани муколамаҳо миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бунёд мешавад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар оянда майдони мусоиди табодули таҷрибаву гуфтушунидҳоро фароҳам хоҳад сохт.
Лоиҳа ва тарҳи иншооти мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, барои бунёди саривақтии он беҳтарин мутахассисон ҷалб хоҳанд шуд.
Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» аз ду ошёна иборат ва дар он барои ҳар кишвари аъзо гӯшаҳои алоҳида ташкил карда мешаванд.
Тибқи лоиҳа, дар боғ гӯшаҳои фарҳангӣ, намунаи расму оин ва суннатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷой дода мешаванд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳаи мазкур иброз гардид, бунёди Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» дар шаҳри Душанбе дар оянда имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт бо фарҳангу анъанаҳои кишварҳои гуногун шинос шаванд.
Боғ ҳамчунин барои рушди муносибатҳои гуманитарию фарҳангии кишварҳои аъзои созмони бонуфуз мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» ба рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон рост омад.
Дар ин рӯз дар баробари оғози сохтмони Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамчунин ба кори Фестивали филмҳои бадеӣ ва телевизионии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Душанбе-2021» ва Ҷашнвораи синамои Созмони мазкур дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд.
Дар ин маросим натиҷаи тадбирҳои то имрӯз гузаронидашуда миёни кормандони касбу кори гуногун ва кӯдакони кишварҳои аъзои созмон муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, дар Намоиши расмҳои кӯдакони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай маҳсули дастранҷи кӯдакони соҳибзавқ муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки барои дарёфти шахсони соҳибистеъдод ҳамеша байни кӯдакону наврасон намоишу озмунҳои расмкашӣ баргузор карда мешаванд. Гузаронидани Марафони Созмони ҳамкории Шанхай ва сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷумлаи тадбирҳо дар ин самт мебошад.
Зимни ин чорабинӣ иштирокчиён хусусан ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 ва тадбирҳои то ба имрӯз анҷомёфта баҳои баланд дода, нақш ва мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди созмон, баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ назаррасу муҳим арзёбӣ карданд.
АКСҲО аз МИҲД шаҳри Душанбе










Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






