Дар Душанбе оид ба баланд бардоштани сифати коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода ва Абдухолиқ Амирзодабо коршиносони Миссияи техникии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Роберт Пастор, Хосе Хаган ва Рустам Набиев баргузор гардид, хабар доданд аз маркази иттилоотии вазорат ба АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз ташрифи коршиносони Миссияи техникии Дафтари СУТ ба Тоҷикистон-ин расонидани кумаки техникӣ ба вазорат доир ба арзёбии фарогирии реҷаи эмкунӣ, гузаронидани баҳодиҳии сифати маълумот дар соҳаи иммунопрофилактика ва табодули таҷриба бо мутахассисони тоҷик дар ин самт ба шумор меравад.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҳамкории вазорат бо Дафтари СУТ дар Аврупо ёдовар шуда, омодагии вазоратро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо дафтари мазкур иброз намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, баланд бардоштани сифати коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика аз 15 сентябр дар шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баҳодиҳии сифатнокии нишондиҳандаҳои фарогирии гурӯҳҳои мақсаднок бо иммунизатсияи муқаррарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст,кито 30 сентябр идома меёбад.
АКС: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






