Дар Хатлон дар ҳашт моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 12,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 12,1 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 106,1 фоиз баробар гардид. Афзоиши маҷмӯи умумии маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,2 фоиз ва чорводорӣ 105,4 фоиз таъмин карда шуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилояти Хатлон 50,5 фоизро ташкил дод.
Ҳамчунин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам солҳои 1991-2020 майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 2,3 маротиба, лӯбиёгиҳо 2,4 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,6 маротиба, картошка 2,9 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, ҳосилнокии онҳо аз 2 то 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар иқтисодиёти вилоят яке аз самтҳои афзалиятноку калидӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва кишоварзони вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот пешбинишуда ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо доранд.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






