Дар Хуҷанд озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2021-2022 оғоз шуд

Сентябрь 24, 2021 16:48

ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 сентябр дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2021-2022 баргузор гардид, иттилоъ доданд аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими расмии озмуни мазкур зикр гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат ҷойгоҳи муҳим касб карда, Ҳукумати мамлакат пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Аз чумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2021-2022 беш аз 120 нафар ширкат варзида, дар Маркази тестии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рӯи панҷ фан- география, таърих ва ҳуқуқ, математика, забони русӣ ва англисӣ имтиҳон супорида, дониши онҳо санҷида мешавад.

АКС: аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Сентябрь 24, 2021 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид