Дар маркази Кӯлоб бо иштироки ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ паради ҳарбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ«Ховар/. Имрӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 5 ҳазор нафар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоти «Ҳомиёни Ватан», «Сипарони Ватан» ва захираи сафарбарӣ паради ҳарбӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода зимни баргузории паради ҳарбӣ зикр дошт, ки «имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо тамоми лавозимоту техникаи ҳарбӣ таъмин гардиданд. Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар машқҳои муштарак байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба натиҷаҳои баландтарин даст ёфтанд. Барои тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ҳарбӣ, донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳарбӣ ташкил шудаанд, ки имрӯз ин кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ хизмат менамоянд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат Коллеҷи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ба ҳайси тарбиятгирандагони он дар баробари писарон духтарон низ дарси шуҷоату ватандӯстӣ меомӯзанд».
Ҳамчунин зикр гардид, ки давоми 30 соли охир борҳо сарбозон садоқати худро ба савганди ҳарбӣ собит сохта, баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуданд. Дар ин роҳ садҳо ҷавонмардони бонангу номуси Ватан ҷони худро фидо карданд, ки хотираи онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.
«Имрӯз, хушбахтона, аз баракати сиёсати созандаи Пешвои миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ваҳдати миллӣ ва оромиву хушбахтии комил истиқбол гирифта истодаем. Баҳри ҳимояи ин дастовардҳо мебояд аз гузашта хулоса бароварда, ҳушёру зирак бошем, Ватани худро дӯст дорем ва ба савганди ҳарбии худ содиқ бимонем»,-иброз намуд Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






