Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни нимятим ва нафарони имконияташон маҳдудро аз пардохти маблағи шартномаи хобгоҳ озод намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзод дар соли таҳсили 2021-2022 донишҷӯёни нимятим ва нафароне, ки имконияташон маҳдуд аст, дар асоси муроҷиати онҳо аз супоридани маблағи шартномаи хобгоҳ озод шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ДМТ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳи 1 аз пардохти шартномаи хобгоҳ озод мебошанд.
Гуфта мешавад, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ тамоми хобгоҳҳо таъмиру тармим гардида, шароити мусоиди истиқомат фароҳам оварда шудааст. Таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар асоси ариза ва розигии роҳбарияти донишгоҳ ҷараён дорад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии бонуфуз дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад. Дар ин донишгоҳ мутахассисони баландпояи соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт ва сиёсату фарҳанг омода карда мешаванд, ки дар самтҳои афзалиятноки мамлакат фаъолият менамоянд. Имрӯз донишгоҳ дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






