ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми Лигаи олӣ бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ғолиб омад

Сентябрь 7, 2021 12:34

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри  Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми Лигаи олии Тоҷикистон  бар  дастаи «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бо натиҷаи 3:0 зафар ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии мазкур бо бартарии футболбозони дастаи  «Истиқлол»-и  шаҳри  Душанбе хотима ёфт. Ҳамлагари ботаҷрибаи даста Манучеҳр Ҷалилов дар ин рақобати ҷолиб ду гол  зада, беҳтарин бозингари вохӯрӣ  дониста шуд. Як голи дигарро дар қисмати охири бозӣ бо партофти Манучеҳр Ҷалилов — Ислом Зоиров вориди дарвозаи  дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  намуд.

Ҳамин тавр,  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе боз се холи дигар ба даст оварда, мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкамтар намуд.

Чемпионати Тоҷикистон

Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум

«Истиқлол» — «Равшан»- 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 13 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 60 (2:0). Ислом Зоиров, 80 (3:0).

Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе (42 хол) поён ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамчунин як бозии анҷомнадода дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 32 хол дар ҷои дуюм аст. Сегонаи аввалро дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  (26 хол) ҷамъбаст мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 17 сентябр оғоз гардида, то 9 декабр идома меёбад. Дар даври 19-ум 17 сентябр дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 18 сентябр  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ, «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳам  вомехӯранд.

 

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                     Б       Ғ      М      Б      Т-Т      Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  17  13  3  1  53-7  42
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  17  10  2  5  33-19  32
 3  «Истаравшан» (Истаравшан)  18  7  5  6  21-19  26
 4 «Эсхата» (Хуҷанд)  18  7  3  8  26-31  24
 5  КМВА (Душанбе)  18  6  6  6  22-23  24
 6 «Равшан»(Кӯлоб)  18  5  8  5  18-20  23
 7  «Хатлон» (Бохтар)  18  6  5  7  18-24  23
 8  «Душанбе»(Душанбе)  18  4  6  8  20-37  18
 9  «Файзканд» (Восеъ)  18  4  5  9  13-24  17
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  18  3  5  10  22-42  14

 

                                                                                                                                 АКС аз ФФТ

Сентябрь 7, 2021 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд